avatar
Предминтруда РТ в РФ
@predmintrud_rt_rf
22.07.2026 05:52
ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР ШИРКАТИ “РАБОЧИЙ КЛАСС М”

Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва қарор доранд, мерасонад, ки дар ширкати ҶДММ «Рабочий класс М» ҷойҳои кории холӣ пешниҳод мегарданд.
Айни замон ширкат кормандонро ба вазифаҳои ҷудокунанда (сортировщик) ва қабулкунанда (приёмщик) дар анборҳои ширкат ба кор даъват менамояд.
Ба уҳдадориҳои хизматӣ дохил мешаванд: ҷудокунии борҳо тибқи масирҳои муайяншуда (на зиёд аз 5 кило), сабти рамзҳои штрих-код тавассути дастгоҳҳои махсус (ТСД), омода намудани қуттиҳо ва контейнерҳо, инчунин бастани онҳо пас аз пур шудан.
Шароити меҳнат чунин пешбинӣ гардидааст: давомнокии як баст (смена) 11 соатро ташкил медиҳад, бастҳои рӯзона ва ҳам шабона имконпазир мебошанд. Барои истироҳати нисфирӯзӣ 1 соат ҷудо карда мешавад, ки хароҷоти ғизо аз ҷониби худи корманд пардохт мегардад. Ҷадвали корӣ ҳаррӯза буда, бо дарназардошти шароити корманд ба таври инфиродӣ мувофиқа карда мешавад. Музди меҳнат барои як баст аз 5 500 то 9 800 рублро ташкил дода, вобаста ба ҳаҷми иҷрои кор муайян мегардад. Низоми пардохти пешпардохт (аванс) муҳокимашаванда буда, шартҳои он ҳангоми мусоҳиба баррасӣ мешаванд. Омӯзиши ибтидоӣ дар муддати як рӯз таъмин гардида, таҷрибаи кор бо дастгоҳи ТСД талаб карда намешавад.
Ширкат барои кормандон шароити зистро низ фароҳам намудааст. Манзил дар масофаи 5 дақиқаи пиёдагард аз анбор ҷойгир буда, бо ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошад. Арзиши иҷора дар як моҳ 6 000 рублро ташкил медиҳад, ки маблағи барқ ва обро низ дар бар мегирад. Пардохти гарав (депозит) талаб карда намешавад.
Талабот ба довталабон: бодиққатӣ ва масъулиятнокӣ дар иҷрои уҳдадориҳо, инчунин доштани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти Москва.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва масъалаҳои вобаста ба шуғл, метавонед ба менеҷери кадрӣ Семён Садовников тавассути рақамҳои зерин муроҷиат намоед: +7 (993) 628-37-99, +7 (995) 655-11-86.
👍 2
5 144

Обсуждение 0

Обсуждение не доступно в веб-версии. Чтобы написать комментарий, перейдите в приложение Telegram.

Обсудить в Telegram

Предминтруда РТ в РФ

694
Открыть в Telegram